Сентябр 18, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Имзои 30 санади ҳамкорӣ дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай

Дар поёни иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай 30 санади ҳамкорӣ ба имзои расид, ки замина барои густариши нақшу нуфӯзи ин созмон дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалиро бештар фароҳам хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар поёни иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки замина барои густариши нақшу нуфӯзи ин созмон дар арсаи минтақаӣ байналмилалиро бештар фароҳам хоҳад кард.

Таъмин сауботу амнияти минтақаӣ, баррасии авзоъи сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои зиддитеррористӣ, иқдомоти муштарак дар ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагирии корона, таҳкими таъомулот бо кишварҳои нозир ва ҳамкории созмон, оғози раванди пазириши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти аслӣ ва эътои мавқеъияти шарики гуфтугӯ барои Миср, Қатару Арабистони Саудӣ аз муҳимтарин меҳварҳои дастури кори ин иҷлос буд.

Дар поёни иҷлос сарон 30 санади ҷадиди ҳамкорӣ шомили «Эъломияи Душанбе дар мавриди бистумини солгарди эҷоди Созмони Ҳамкории Шанхай» ба имзо расид.

Ҳамчунин барои нахустин бор сурӯди Созмони Ҳамкории Шанхай , ки ба пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасвиб шуд, ба садо дар омад.

Раёсати давраии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Узбекистон интиқол дода шуд ва Тошканд мизбони нишасти баъдии сарони ин созмон хоҳад буд.

Дар ин нишаст мақомоти олии кишварҳои нозиру узви ин ду созмон назар ва дидгоҳҳои худ дар мавриди вазъияти печидаи Афғонистон ва роҳкорҳои оддисозии онро баён карданд. 

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раёсати давраии ин созмон дар мавриди натоиҷи иҷлоси сарони СҲШ ва нишасти муштараки ин созмон бо Паймони Амнияти Ҷамъӣ нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Вай зимни қадрдонӣ аз ҳузури фаъоли сарону мақомоти олии кишварҳои узв ва ҳамчунин раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ гуфт, мо имрӯз натоиҷи фаъолиятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай тайи 20 соли гузаштаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додему аҳдофи ояндаи созмонро таъин кардем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суҳбатҳояш гуфт, дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Мо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ кардем.

Масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷои муҳимро ишғол кард. Дар робита ба ин, имрӯз мо нақшаи кориро оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул намудем.

Бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил ман бори дигар таъхирнопазирии пешниҳоди таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе зикр кардам.

Мо ба мувофиқа расидем, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем.

Кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот,озод аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳордоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, Ммо зикр кардем, ки шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот-ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд.

Дар вохӯрӣ мо ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим додем.

Зикр намудем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст.

Ман пешниҳод кардам, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад.

Мо дар он масъалаҳамфикрбудем, ки дар шароити пандемия зарур аст заминаи ҳуқуқӣ таҳия карда шавад ва доир ба кори пайвастаи нақлиёт барои интиқоли молҳои муҳим мувофиқа ҳосил гардад.

Имрӯз мо Изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ, ки нигаронии моро аз ин таҳдид нишон медод, қабул кардем.

Дар ҷараёни ҷаласа мо натиҷаҳои ҳамкориро дар тӯли ду даҳсола дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ мусбат арзёбӣ намудем.

Бо қарори худ мо ба механизми эълони шаҳрҳои давлатҳоямонҳамчун пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии СҲШ оғоз бахшидем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин ҳифзи муҳити зист идома диҳем.

Дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуд. Ин баҳои баландро соҳиб шуд.

Имрӯз дар поёни ҳамоиши душанбегӣ барои аввал дар таърих Сурудимахсуси СҲШ садо дод. Мо аз ҳамаи давлатҳо сипосгузорем, ки ин ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар таъки кард, яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд.

Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем.

Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як  (21) давлат расидааст.

Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои байналмилалии СҲШ баррасӣ шуданд.

Мо изҳор доштем, ки Созмони мо барои дигар иштирокчиён ҷолибтар шуда истодааст.

Шумораи зиёди дархостҳои дигар давлатҳо барои шомил шудан ба фаъолияти СҲШ дар ин ё он мақом аз ин шаҳодат медиҳад.

Кишварҳои узви СҲШ саъй хоҳанд кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо нозирон ва шарикони муколама шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома тасреҳ кард, имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ба вазифаи Дабири кулли СҲШ намояндаи Чин ва ба мансаби Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  намояндаи Узбекистон таъйин карда шаванд. Онҳо вазифаи худро аз 1 январи соли 2022 оғоз мекунанд.

Мо дар амалисозии ҳама нақшаҳои дарпешистодаи раёсат ба дӯстони узбекамон  кумак мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар поёни муаррифии натиҷаҳои нишасти СҲШ мехоҳам як далели таърихии зеринро зикр кунам, ки шояд на ҳама медонанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2000, дар ҳамоиши охирини «Панҷгонаи Шанхай», ки дар он Президенти Узбекистон ширкат дошт, идеяи табдил додани ин сиға ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба ба вуҷуд омад.

Маҳз ҳамин ишораи сарони давлатҳо асоси он гардид, ки як сол пас, 15 июни соли 2001 мо аз таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай хабар диҳем.

Аз ин рӯ, мо ифтихор мекунем, ки ҳамоиш бахшида ба бистумин солгарди таъсиси СҲШ дар кишвари мо баргузор шуд.

Имрӯз, пас аз ҳамоиши СҲШ, бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад.

Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст.

Сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр карданд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад.

Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем.

Зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад.

Дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд.

Мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвар пешгирӣ карда шавад.

Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки мулоқоти таърихии имрӯза дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагии моро бо мардуми ҷафодидаи  Афғонистон нишон дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп