Сентябр 23, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кард.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар ибтидо сохтмони идории дастгоҳи иҷроии давлатии ноҳияро ифтитоҳ кард.

Ин сохтмони сетабақа дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ҳамчунин сохтмони шуъбаи Амонатбонки ин ноҳия ҳам бо ҳузури Раҳмон баҳрабардорӣ шуд.

2 ҳазор 230 нафар аз тасҳилоту имконоти ин шуъба аз бонк истифода мекунанд.

Ҳамчунин бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон амалиёти иҷрои ду сохтмони маскунии панҷтабақа дар ноҳияи Балҷувон оғоз шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон низ боздид кард.

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии 6 ҳазор нафарии ноҳияи Балҷувон аз дигар барномаҳои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.