Ноябр 08, 2016 13:28 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи истирдоди муҷримон миёни Чин ва Тоҷикистон

Давлати Чин ба таври расмӣ тавофуқномаи дуҷонибаи истирдоди муҷримон бо Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “СИНХУА”, Маҷлиси намояндагони Чин дар бистучаҳорумин нишасти худ тавофуқномаи истирдоди муҷримон миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро тасвиб кард.

Чину Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2014 дар заминаи тадвини тавофуқномаи дуҷонибаи истирдоди муҷримон музокироте карданд, ки 13- уми сентябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе ба имзои тарафҳо расид.

Лю Чжи Мин, муовини вазири  умури хориҷаи Чин ҳангоми ироаи созишномаи истирдоди муҷримон миёни Пекин ва Душанбе дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар таъкид кардааст, ки тасвиби ин санад барои густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва муқобила бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи гурӯҳҳои мафиёии байналмилалӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Мақомоти амниятии Чин пеш аз ин ба дархости давлати Тоҷикистон, теъдоде аз шаҳрвандони ин кишварро, ки муттаҳам ба терроризму ифротгарӣ буданд, боздошт кардаву таҳвили Додситонии кулли ин кишвар додаанд.

Бо ин ҳол чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Чин ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир бодошт шуда буданд, бо вуҷуди дархости мақомоти қазоии тоҷик барои истирдод ба кишварашон, дар Чин эъдом шуданд.