Октябр 20, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар листи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон

Муассисаи исломии Уммон имсоли номи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар феҳристи "500 мусулмонони таъсиргузори 2022" дар ҷаҳон қарор дод.

Ба гузориши «Спутник», дар садри асомии феҳристи имсол оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон, шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ва пас аз ӯ Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон қарор дорад.

Ин ҳафтумин бор аст, ки номи Эмомалӣ Раҳмон дар феҳристи таъсиргузортарин мусулмонони ҷаҳон қарор мегирад. Ба ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон, номи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам дар ин феҳрист омадааст.

Номи Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз соли 2015 дар листи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон дарҷ шудааст.

Дар ин лист номҳои Илҳом Алиев (ҷумҳурии Озарбойҷон), Қурбонқули Бердимуҳаммедов (Туркманистон), Рамазон Қодиров (Чеченистон) ва Усмон Алимов (муфтии Узбакистон) низ ба чашм мехӯрад.