Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбекистонро табрик гуфт
Раисиҷумҳури Тоҷикистон пирӯзии шавкати Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбекистонро ба вай табрик гуфт.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки пирӯзии Миризёев дар интихоботи ахири раёсатумҳурии Узбекистон мӯҷиби рушд ва пешрафти ин кишвар ва таҳкими беш аз пеши равобити дӯстона миёни мардумони ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд.
Зеро ин пирӯзӣ баёнгари ҳимояти қотеъи мардуми Узбекистон аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати ин кишвар аст, ки заминаи тақвияти ҳмкоирҳои роҳбурдӣ бо Тоҷикистонро фароҳам месозад. Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём барои Мирзифёев саломатӣ ва муваффақият ва ба мардуми Узбекистон сарбаландӣ ва пешрафт орзӯ кардааст.
Бар асоси гузориши Комиссиюни марказии интихоботи Узбекистони Мирзиёев бо касби 80.01 дарсад раъй пирӯзи ин давра аз интихоботи раёсатиҷумҳурии ин кишвар шуд.