Ноябр 25, 2021 10:28 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2022

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи буҷаи давлат барои соли 2022-ро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни ироаи тарҳи пешниҳодии буҷаи давлат барои соли 2022 милодӣ ба маҷлис намояндагон гуфт: 33 миллиард сомонӣ барои бахши даромадии буҷаи давлат пешбинӣ шуда, ки нисбат ба буҷаи соли 2021 милодии 19.4 дарсад ( муодили 5.3 миллиард сомонӣ ) бештар аст.

Қаҳҳорзода афзуд, бахши ҳазинаи буҷаи ҳукӯмати Тоҷикистон ба мизони 33.6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки дар муқоиса бо буҷаи соли 2021 600 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт: Буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8% буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.

Вай афзуд, дар буҷаи соли оянда 3,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла қарзи асосӣ 2,2 млрд сомонӣ  ва фоизҳои он 1 млрд сомонӣ барои пардохти қарзи хориҷии кишвар пешбинӣ шудааст.

Бештар бихонед: