Ирсоли ҳудуди 700 ҳазор доза воксани корона аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Dec 2021 09:40:58 GMT )
Декабр 01, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли ҳудуди 700 ҳазор доза воксани корона аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон

689 ҳазору 500 доза воксани “Астра Зенека” аз Ҳинд ба Тоҷикистон ирсол шуд.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи марти соли 2021 низ давлати Ҳинд дар қолаби барномаи Ковакс ба Тоҷикистон 192 ҳазор доза воксани корона ирсол карда буд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди воксанҳои воридотӣ ба ин кишвар то рӯзи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ ба 6 миллиону 137 ҳазору 700 доза расидааст.

Ҳамчунин то ин муддат 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар дозаи аввали воксани корона ва 2 миллиону 590 ҳазору 545 тан низ дозаи дувуми ин воксанро тазриқ кардаанд.

Дар Тоҷикистон тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол иҷборӣ аст.

 

Бештар бихонед: