Иҷроӣ шудани тарҳи " КАСА 1000 " дар Тоҷикистон то миёнаҳои соли 2023
Тарҳи " КАССА 1000 " дар Тоҷикистон то миёнаҳои соли 2023 иҷро хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон замони ворид кардани таҷҳизоти мавриди ниёз барои иҷрои тарҳи КАСА 1000-тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро то моҳи июли соли 2023 тамдид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, қаблан Ҷамшеди Шоҳинзода- муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карда буд сохти таҷҳизоти ин тарҳ дар Тоҷикистон дар соли 2021 ба поён мерасад .
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон бояд сохти бахши тоҷикистонии хати КАСА 1000 дар соли 2020 такмил мешуд .
-
Ваъдаи нави Қирғизистон дар бораи оғози баҳрабардорӣ аз хати КАСА 1000
-
Пешбинии дарёфти 26 миллион доллар барои беҳбуди зерсохтҳои рустоии Тоҷикистон дар тарҳи КАСА-1000
Иҷрои ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон ширкати ҳиндии Kalpataru Power Transmission Limited аст.
Ҳазинаи сохти бахши тоҷикистонии ин тарҳ баробар бо 314 миллион доллар аст, ки ин маблағро Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва Бонки рушду бозсозии Аврупо таъмин хоҳанд кард . Дар сурати иҷрои ин тарҳ Тоҷикистону Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд ҳудуди панҷ миллиард киловатт соъат барқро ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд.
Ҳазинаи иҷрои тарҳи КАСА 1000 ки бояд дар соли 2020 баҳрабардорӣ мешуд, ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст.