Ноябр 15, 2016 09:48 Asia/Dushanbe
  • Имзои қонунҳои имтиёзот ва унвонҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои марбут ба имтиёзот ва унвонҳои худро имзо кард то ин асноди ҳуқуқӣ ҷанбаи иҷроӣ бигирад.

Ба гузориши сайти иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни  "Асосгузори сулҳ ва ризояти миллӣ - Пешвои миллат" ва низ "Хадамоти иҷтимоӣ ва ҳифозат аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро имзо кард.

Ин қонунҳо, ки бар асоси ҳамапурсии моҳи майи имсол тадвин шуда ва ба тасвиби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон расидааст, бо имзои Раҳмон ҷанбаи иҷроӣ меёбад.

Дар ин қавонин таъкид шудааст, ки дар баробари эътои ин унвонҳо ва имтиёзот ба Эмомалӣ Раҳмон, нишон ва ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон" эҷод ва ба поси хадамоти шоиста дар рушду пешрафти ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар эҳдо хоҳад шуд.

Бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҳамапурсии моҳи май, раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар барои идомаи ҳузур дар қудрат ҳеч маҳдудияте надорад ва тавҳин ба шахсияти вай 5 сол зиндон дар пай хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 1992 зимоми умур дар Тоҷикистонро дар даст дорад , ки ин рӯз ба унвони рӯзи “Пешвои миллат" ном гузори шудааст ва бузургдошти ин рӯз барои нахустин бор имсол ба таври густурда баргузор мешавад.