Феврал 22, 2022 17:02 Asia/Dushanbe
  • Вазъи се захмии таркиши

Пизишкон сӯхтагии бадани ин се нафарро беш аз 90 дар сад арзёбӣ мекунанд, аммо мегӯянд умеди наҷот ҳаст.

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ойматов хабар дод, то соати 8:00 субҳи 22 феврал, вазъи се нафар ҷабрдидае, ки дар шуъбаи эҳёи ду беморхона бистариянд, бе тағйир боқӣ мондааст.
“Ба соати 8:00 22 феврал ҳолати онҳо тағйир наёфтааст. Табибон барои наҷоташон тамоми кушишу имкониатҳоро ба кор бурда истодаанд. Табобати сӯхтагӣ ин дуру дароз аст, дар як муҳлати кутоҳ чизе тағйир намеёбад. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд, умед дорем, ки наҷоташон хоҳем дод”,- гуфт сардухтур.

Сомонаи ВКД кишвар хабар додааст, ки сӯхтор дар сӯхтфурӯшии ҶДММ “Ориён нафт” соати 15:04 дақиқиа 21 феврал сар задааст. Ин ниҳод масоҳати сӯхторро 280 метри мурабаъ гуфта. Ба навиштаи ВКД сӯхтор аз таркиши як зарфи гази моеъ сар задааст. 
 Дар натиҷаи ин сухтор 13 нафар ҷароҳати ҷисмони бардошта, 6 мошин ва ду чорво талаф ёфтааст.
 Як манбаъ, субҳи имрӯз дар як суҳбати телефонӣ хабар дод, ки хонаҳои сокинони маҳалӣ, ки дар шафати нуқтаи сузишворӣ қарор доштанд низ зарар дидаанд.
 Алангаи оташ то бинои Додгоҳи ноҳия, ки дар муоқбили ин нуқтаи сузишворӣ қарор дорад расидааст ва ҳама навиштаҷоти берунии бинои додгоҳ низ зарар дидаанд.
Дирӯз баъди сар задани ҳодиса зарардидагони ин сӯхторро ба беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва Беморхонаи ҷумҳуриявии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода буданд. 
Холмурод Ойматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ба  хабар дода буд, ки ба онҳо низ 6 нафар муроҷиат карда, вазъи солимии яке аз онҳо - Раҷаб Маллаеви 21-сола вазнин ва ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.
 5 ҷабрдидаи дигар пас аз расонидани кумаки тиббӣ ба хонаҳояшон русхат шудаанд.
Сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён тахминан байни соатҳои 15 ва 16-и рӯз рух дода, бар асари он ин нуқта пурра ба коми оташ рафт.
 Ба оташнишонон муяссар шуд, ки таркиши як зарфи 10 тоннаи газро пешгирӣ кунанд.