Баргузории ҳамоиши “Аҳамияти андешаҳои секулор дар шаклгирии худогоҳии миллӣ” дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i82006-Баргузории_ҳамоиши_Аҳамияти_андешаҳои_секулор_дар_шаклгирии_худогоҳии_миллӣ_дар_Тоҷикистон
Ҳамоиши “Аҳамияти андешаҳои секулор дар шаклгирии худогоҳии миллӣ” дар Тоҷикистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши “Аҳамияти андешаҳои секулор дар шаклгирии худогоҳии миллӣ” дар Тоҷикистон

Ҳамоиши “Аҳамияти андешаҳои секулор дар шаклгирии худогоҳии миллӣ” дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши «Ховар», ин ҳамоиш дар Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, Саидмуъмин Ятимов, узви вобастаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, Раҳматкарим Давлатов, раиси Маркази мероси хаттии Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ ва назароти худро баён карданд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиши илмӣ дар мавриди тафаккури дунявият ва тафаккури миллӣ, секуларизм ба унвони мабное барои суботи давлат, нақши омӯзишу парвариш ва ҷаҳонбинии илмӣ дар тавсеа ва суботи давлати миллӣ табодули назар карданд.