Апрел 22, 2022 17:48 Asia/Dushanbe

Ба муносибати бузургдошти Рӯзи Саъдӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури сафири Эрон, донишмандон ва донишгоҳиёни ин кишвар, нишасти илмиву адабӣ баргузор шуд.

Ба муносибати бузургдошти Рӯзи Саъдии Шерозӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури раиси ин донишгоҳ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, донишмандон ва донишгоҳёни ин кишвар нишасти илмиву адабӣ баргузор шуд.

Қобилҷон Хушвақтзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронии худро бо ин байти Шайхи Аҷал, ки «Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз, бемақолоти Саъдӣ анҷумане» оғоз кард ва гуфт: Анҷумани илмиву адабии имрӯзи мо низ, ки ба муносибати бузургдошти муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ, бо ҳузури меҳмонони азиз аз кишвари дӯст ва ҳамфарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад, бо мақолоти ин шоири бузург иртиботи мустақим дорад.

 

Вай бо ишора ба ҷойгоҳи волои Саъдӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон, гуфт: Тоҷикон бо каломи ширини Саъдӣ аз кӯдакӣ ошноӣ пайдо мекунанд ва акнун каломи Саъдӣ аз ҷумлаи арқони муҳими барномаҳои омӯзишии макотибу донишгоҳҳои кишвари мо ба шумор меравад.

Раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдиро шоиру нависандаи дорои мақоми баланду истисноӣ дар сатҳи милливу ҷаҳонӣ хонд ва гуфт: Гузашти қарнҳо аз ҷойгоҳи вай на танҳо чизе кам накарда, балки афзудааст.

Хушвақтзода дар бахши дигаре аз суханронии худ баён кард, ки Саъдӣ бо “Гулистон”-и худ ба назму насри форсӣ - тоҷикӣ умри ҷовидона бахшид.

 

Дар идомаи ин маросим Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо ибрози хушҳолӣ аз фурсати ҳузур дар ҷамъи фарҳехтагону донишгоҳёни тоҷик ва ёдоварӣ аз он ки аввали урдибиҳиштмоҳ (21 апрел) дар тақвими расмии Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи бузургдошти Саъдӣ номгузорӣ шудааст, гуфт: Накӯдошти шоистаи бузургмардони арсаи илму маориф ва такриму таҷлил аз шоирону андешмандони Эронзамин, ки ҳар кадом аз онон чун хуршеде бар торикии осмони фарҳангу илму адабиёти ҷаҳон медурахшанд, ифтихоре бас бузург барои мо эрониёну тоҷикон ва ҳамаи дӯстдорони маърифату адаб дар тамоми асрҳо ва дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад.

 

Сафири Эрон дар Тоҷикистон идома дод: Шайх Муслеҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз суханварони тарози аввали шеъру адаби порсӣ аст ва дар байни мардуми се кишвари порсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ маҳбубияти зиёде дорад ва ба ҳамин хотир порсизабонон аз Саъдӣ ба унвони як шахсияти бузургу барҷаста ном мебаранд ва қариб 800 сол аст, ки “шуҳрати сухан” - аш ба “атрофу акнофи олам” меравад ва “зикри ҷамилаш” дар ҳар анҷумане садо медиҳад ва то ҷаҳон боқист дар донаҳои пандогини назму насраш зинатбахши рӯзгори бани башар аст ва то дар шарёни инсоният ҷӯшиши ишқу майл ба зебоӣ ҳаст, ниёз ба каломи ошиқонаи ин шоири ширинкалом вуҷуд дорад: Ҳафт кишвар намекунанд имрӯз, бемақолоти Саъдӣ анҷумане.

 

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханронии худ табйин кард: Саъдӣ шоире тавоно, нависандаи сутург, фақеҳе мутабаҳҳир, муффасире чирадаст, муҳаддисе мусаллат ба аҳодис, орифе жарфандеш, ормонгарои воқеъбин, мардумшиносе огоҳ ба ақвоми исломиву эронӣ, носеҳе амину парҳезкор ва ҷаҳондидае бо сиаи садр ва дар як калима ҷомеътарин шахсияти таърихи адабиёти Эронзамин буд.

 

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз Ӯст

 

Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз Ӯст

 

Ғаму шодӣ бари ориф чӣ тафовут дорад

 

Соқиё бода бидеҳ, шодии он к-ин ғам аз Ӯст.

 

Собирӣ афзуд: Ҳеҷ кас ба андозаи Саъдӣ дар омӯзиши забони порсӣ дар ҷаҳон муассир набудааст. Китоби “Гулистон” -и ӯ ҳамеша китоби дарсии забони порсӣ буда ва ин китоб он қадр устодонаву ширину ҷаззоб таълиф шудааст, ки ҳамаи хонандагонро ба шавқ водоштааст ва камтар забондоне вуҷуд дорад, ки сари суфраи Саъдӣ нишаста бошад. Гулистон барои порсихонҳо, порсиомӯзон ва ҳамаи порсизабонон дар ҳукми шир барои навзод будааст.

 

Собирӣ дар идомаи суҳбатҳои худ ба он ишора кард, ки Саъдии Шерозӣ солҳои зиёдеро дар сафар ба шаҳрҳо ва кишварҳои ҷаҳон сипарӣ карду ҳосили таҷрибиёти худро бо нигориши назму насри фахрии порсӣ барои ҳамеша дар таърихи фарҳангу адаби ҷаҳон мондагор кард. Ба ин далел аст, ки номи Саъдӣ ва осори гаронбаҳояш дерзамоне аст, ки ҳофизаи таърихии ҷаҳонро музайян сохта ва ин ифтихоре сутург аст, ки то имрӯз ва ҳамеша таърих, мояи мубоҳоти ҳамаи мо порсизабонон аст.

 

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон осори гаронмояи Саъдиро дархури дарди имрӯзи башарият донист ва гуфт: Ғазалиёти ин шоири бузург дар “Бӯстон” ва каломи ширину насри бебадилаш дар “Гулистон” ҳамвора ҳамонанди атри баҳор сориву ҷорӣ аст ва бидуни шак паёмҳои инсондӯстонаву ахлоқмеҳвари Саъдӣ метавонад дар ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз бештар мавриди тавваҷуҳи ҳамаи мардуми ҷаҳон қарор гирад.

 

Биё ки навбати сулҳ асту дӯстиву иноят

Ба шарти он ки нагӯем аз он чӣ рафт ҳикоят

Дар бахши дигаре аз ин нишаст паёми видеоии доктор Абдулмаҳдии Мустакин, мудири бахши фарҳанги Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Эрон аз маҳалли оромгоҳи Саъдӣ дар Шероз пахш гардид, ки мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт.

 

Доктор Мирзо Солеҳ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тайи суханоне аз он ёдовар шуд, ки адабиёти амри миёнаи форсӣ - тоҷикӣ ба ҷаҳониён назму насри ғайриқобили қиёсе арза кард. Яке аз онҳо «Гулистон» -и Шайх Саъдӣ аст. Дар таърихи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ миёни осори мансури адабиву ҳунарӣ «Гулистон» яккатоз аст ва ҳеҷ асари дигаре натавонистааст бо он ҳампоӣ кунад.

 

Ӯ дар бахши дигаре аз суханони худ ба он ишора кард, ки дар тӯли қарнҳои гузашта бист тан аз шоирони номвар дар пайравӣ аз «Гулистон» -и Саъдӣ иқдом ба навиштан асар карданд, вале ба ҷуз «Баҳористон» -и Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳеҷ як аз онҳо ба лиҳози зебоии калом ва умқи андеша натавонистанд худро ба сатҳи «Гулистон»-и Саъдӣ наздик кунанд.

 

Ин устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчунин аз суханони Абулмаонӣ Бедили Деҳлавӣ ёд кард, ки дар васфи бузургони адаби форсӣ - тоҷикӣ назири Саъдии Шерозӣ гуфтааст: Онҳо ба ҷое расидаанд, ки мурғи анқо (Симурғ) наметавонад ба он ҷо бирасад.

 

Солеҳ ҳамчунин гуфт, ки дар Тоҷикистон нашри осори Саъдӣ ба хати лотинӣ ва сириллик аз авохири даҳаи 1930 оғоз шуда ва дар даҳаи 1940 тақвияти қобили таваҷҷуҳӣ пайдо кард ва дар мароҳили баъд ҳамасола осори Шайхи Аҷал ба чоп расидааст. Бо даст ёфтани Тоҷикистон ба истиқлоли миллӣ тавваҷуҳ ба бузургони илму адаби порсӣ ба маротиб афзоиш ёфт, ки бахши зиёде аз осори онҳо ба сурати маҷмӯаҳои мутааддиде мавсум ба «Ахтарони адаб» ба чоп расид.

 

Илова бар интишори ин манобеъ, ҳамчунин донишмандони тоҷик иқдом ба навиштани машрӯҳот бар осори Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Бедили Деҳлавӣ ва соири бузургони адаби порсӣ карданд, ки аз ҷумла ҳудуди даҳ нафар аз онҳо бар «Гулистон» -и Саъдӣ низ шарҳ навиштаанд.

 

Доктор Бадриддин Мақсуд, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз дигар суханронони ин нишаст буд, ки дар мавзуи «Таҳқиқи қиёсӣ ва халлоқияти адабии Саъдӣ ва Фахриддини Ироқӣ» суҳбат ва ба он ишора кард, ки ин ду шоири бузург аз назари аҳволу осор мушобеҳатҳои бисёр зиёде ба ҳам доранд. Саъдӣ ва Ироқӣ дар як қарн зиндагӣ кардаанд ва аҷдоди ҳар ду низ аз уламои исломӣ будаанд. Саъдӣ лақаби Муслеҳиддин ва Ироқӣ лақаби Фахриддин дорад, ки ба навъе мушобеҳ ҳам ҳастанд. Ҳар ду шоири бузург низ солҳои тӯлонӣ дар сафар будаанд, дар нашри Ислом саҳм гирифтаанд ва бо мардуми мухталиф нишасту бархест доштаанд, ки бар осори онҳо таъсир гузоштааст.

 

Ин устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке дигар аз мушобеҳатҳои Саъдӣ ва Ироқиро дар тафаккуру халлоқияти дорои истиқлоли онҳо донист. Ҳар ду низ ба сурати фармоишӣ ҳеҷ касеро аз аҳли ҷоҳу ҷалол насутуда ва васф накардаанд. Фақат як маврид истисност, ки ҳам Саъдӣ ва ҳам Ироқӣ ба хости худ ашъоре дар ситоиши Шамсиддин, соҳиби девони Ҷувайнӣ, вазири Атобакон сурудаанд, ки аз дигар шабоҳатҳои ин ду шоири номвар мебошад.

 

Нуктаи дигари мавриди ёдоварии ин донишманди тоҷик ин буд, ки Шаҳобиддин Абуҳафс Умари Суҳравардӣ пири тариқати Саъдии Шерозӣ ба шумор мерафт, ки дар ибтидои роҳ муршиди Фахриддини Ироқӣ низ будааст.

 

Вай ҳамчунин ғазалсарои барҷаста будани ҳам Саъдӣ ва ҳам Ироқиро яке дигар аз ваҷҳи иштироки онҳо хонд.

 

Дар идомаи барнома теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғазалиёте аз осори арзишманди Саъдии Шерозӣ қироат карданд.

 

Дар поёни ин маросим сафири Ҷумҳурии исломии Эрон 600 ҷилд китоби мутааллиқ ба ҳавзаи адабиёт, таърих, таҳқиқоти адабӣ, забоншиносӣ, улуми иҷтимоӣ, осори шуаро ва нависандагони саршиноси эронӣ ва ҳамчунин таркибе аз доиратулмаорифҳо ба шумули Донишномаи ҷаҳони Ислом, Фарҳанги ҷомеи забони форсӣ, Фарҳанги комили сухан ва ғайра ба раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим кард ва аз устодону донишҷӯёне, ки дар ин нишаст суханронӣ ва аз ашъори Саъдии Шерозӣ қироъат карданд, қадрдонӣ ба амал овард.

 

Барчасп