Май 28, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон

Дар ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон раванди иҷроии қонӯни рушди манотиқи рустоӣ ва гардишгарӣ, баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин нишаст таъкид шуд, ки ин қонӯн заминаи тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро тайи солҳои 2019 то 2021 фароҳам кард.

Ҳамчунин таъкид шуд барои тарғиби бештари гардишгарони хориҷӣ бояд барномарезӣ шавад.

Дар нишаст тасмим гирифта шуд, ки ба далели оғоз фаъолияти ширкати муштараки тавлиди ломпҳои каммасраф дар Тоҷикистон бо сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ воридоти ин маҳсӯл аз хориҷ мамнӯъ шавад.

ба анвиштаи манбаъ, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи манъ намудани воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.