Июн 03, 2022 20:51 Asia/Dushanbe
  • 11 санади ҳамкорӣ раҳоварди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон

Дар поёни гуфтугӯҳои мақомоти аршади Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд 11 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни ин дидор баёнияи торихӣ дар мавриди таҳкими дӯстӣ ва ҳампаймонии абадиро имзо карданд.

Илова бар ин, давлатҳо, вазоратхонаҳо ва идороти ду кишвар 11 санад дар хусуси густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбакистон  имзо карданд.

Азҷумла нақшаи роҳ барои таъмиқу густариш беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи таовунии санъатӣ, қарордод байни вазоратхонаҳои фарҳанг дар заминаҳои фарҳангу ҳунар барои солҳои 2022 - 2023 мелодӣ, нақшаи роҳ барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни аилояти Ҷиззахи Узбакистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон, тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи муҳити зист ва истифодаи оқилона аз манобеи табиӣ ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи парвариши кирми пилла (кирмакпарварӣ) имзо шуд.

Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар поёни гуфтугӯҳои дуҷониба дар ҷамъи намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҳозир шуданд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳамчунин дар мавриди масоили амнияту суботи минтақаӣ низ табодули назар карданд ва бар аҳамияти дидорҳои машваратии руасои ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бар лузуми тадовуми гуфтугӯҳои созандаву ҳимояти мутақобил дар чорчӯби созмонҳо ва сохторҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021 ҳудуди 400 миллион доллар буд.