Июл 07, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 33 дарсад тавлиди орду ғалот дар Тоҷикистон
    Коҳиши 33 дарсад тавлиди орду ғалот дар Тоҷикистон

Тавлиди орду ғалот дар 5 моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 ба таври қобили таваҷуҳи коҳиш ёфта аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ тавлиди орду ғалот дар Тоҷикистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 30 дарсад коҳиш дошта аст.

Бино бар додаҳои ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 186.6 ҳазор тонна орд тавлид шуд, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 33.8 дарсад камтар аст.

Дар моҳи январ-май соли гузашта ба ин кишвар, ки ба таври умдаи ордро аз гандуми воридоти тавлид мекунад беш аз 282.1 ҳазор тонна орди воридшуда аст.

Бин гуфтаи хадамоти гумрук ба ин кишвар дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 329.6 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии 102.2 миллион доллар ворид шуд, ки нисбат ба замони гузашта аз назари вазн 12.5 дарсад коҳиш ва аз назари нарх 10.8 дарсад афзоиш ёфта аст.

Дар ин давра ҳамчунин беш аз 16.8 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 5.4 миллион доллар ворид шуда аст, воридоти ин навъ маҳсулот аз назари вазн 8.3 дарсад коҳиш ва аз назари нарх 14.6 дарсад бештар шуда аст.

Бар асоси додаҳои иқтисодии Тоҷикистон гандум ва ордро ин кишвар асосан аз Қазоқистон ворид мекунад.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки бархе кишварҳои содиркунанда маҳдудиятеро дар содироти гандум эъмол карданд, ки дар пайи он нархи орд тақрибан дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфта аст.