Афзоиши тавлиди тухмимурғ ва моҳи дар Тоҷикистон
Июл 12, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
-
Афзоиши тавлиди тухмимурғ ва моҳи дар Тоҷикистон
Тавлиди моҳи ва тухмимурғ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2022 мизони тавлиди кишоварзи нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 7.2 дарсад афзоиш ёфта аст.
Тавлиди моҳи 26.5 дарсад бештар аз нимаи аввали соли 2021 тухмимурғ 24.5 дарсад, мева 12.1 дарсад, гушти гусфанд 11.5 дарсад дар Тоҷикистон афзоиш ёфта аст.
Ҳамчунин мизони бардошти ангур 11.2 дарсад, тарбуз ва харбуза 7.6 дарсад ва ғалот 5.9 дарсад афзоиш дошта аст.
Аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон ҳазору 145 тонна моҳи 576.1 миллион адад тухмимурғ 116.3 ҳазор тонна мева, 20.3 ҳазор тонна гушти мурғ тавлид шуд.