Июл 13, 2022 16:35 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 340 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти дар нимаи аввали имсол ба Тоҷикистон
    Воридоти 340 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти дар нимаи аввали имсол ба Тоҷикистон

340 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти дар нимаи аввали имсол аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс тибқи гузориши Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ин шохис 41 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2021 аст.

Дар ин муддат 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор тонна сухти дизели, ҳудуди 7 ҳазор тонна сухти ҳавоӣ, беш аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ва 21 ҳазор тонна қир (битм) равғанҳои равонкунанда аз Русия ба Тоҷикисон мунтақил шуда аст.

Ба таври кулли Тоҷикистон аз январ то июл ҳудуди 392 ҳазор тонна фаровардаҳои нефти ва беш аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда аст.