Имзои тавофуқномаи ҳамкории амнияти байни Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Mon, 25 Jul 2022 16:06:03 GMT )
Июл 25, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории амнияти байни Тоҷикистон ва Туркия
    Имзои тавофуқномаи ҳамкории амнияти байни Тоҷикистон ва Туркия

Тоҷикистон ва Туркия тавофуқномаи ҳамкории амнияти имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс ин тавофуқнома дар дидори Рамазон Раҳимзода, вазики корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Сулаймон Севилу,  вазири кишвари Туркия дар Анкара ба имзо расид.

Вазри корҳои дохилаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб мавзуъи аслии ин дидорро мубориза бо террозим, ифротигароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ унвон кард.

Дар фазои маҷозӣ дар робита бо ин сафар дидгоҳои мухталифе матраҳ шуда аст бархе бар ин боваранд, ки манзур аз имзои санади ҳамкории амниятӣ маҳдуд кардани фаъолиятҳои гуруҳҳои мухолифи давлат аз ҷумла гуруҳи 24 дар Туркия аст.