Алоқамандии мақомоти Тотористон барои тақвияти равобити иқтисодӣ бо Тоҷикистон
Август 06, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
Мақомоти Ҷумҳурии Тотористон ба тақвияти равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ибрози алоқа карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлатшо Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар маросими муъаррифии сарконсули ҷадиди Тоҷикистон дар шаҳри Қазон бо раиси Ҷумуҳрии ин кишвар мулоқот кард.
- Дар ин мулоқот Рустам Минихонов, раиси Ҷумҳурии Тотористон ибрози умедвори кард равобити ду ҷумҳурӣ бештар тақвият шавад.
- Дар ин гуфтугӯ дар мавриди вазъияти кунунии ҳамкори байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористон ва ҳамчунин чашмандози равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ табодули назар шуд.
- Тарафҳо дар марвиди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, муҳоҷирати неруи кор ва маҷмаъҳои кишту саноат ва ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва гардишгарӣ баҳс карданд.
Дар ин дидор Темур Раҳимов ба унвони сарконсули ҷадиди Тоҷикистон дар Қазон муъаррифи шуд.