Август 08, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

Сафари раисҷумҳур ба шимоли Тоҷикистон ба хотири боздид аз рушди минтақа буда, зимни он ифтитоҳи як қатор муассисаву корхонаҳо дар назар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Як манбаъ аз ҳукумати гуфт, ки сафари президент фардо 9 август оғоз гардида, чаҳор рӯз идома мекунад.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар аз 9 то 12 авгус аз шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Бӯстону Гулистони вилоят дидан хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ зиндагиву мулоқотҳо бо сокинон ва фаъолони вилоят ва ҳамзамон баҳрабардорӣ аз корхонаҳои навбунёд мебошад.