Декабр 03, 2016 20:50 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия ва натоиҷи он

Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан таъкид шуд.

Ба навиштаи сомонаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар ду ҷониб таъсиси Гурӯҳи доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро дар таърихи робитаҳои байнидавлатӣ иқдоми муҳимму саривақтӣ арзёбӣ карда аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи зиёд дар муомилоти тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ёдовар шуданд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳо дар соҳаҳои саноати хурокворӣ ва истеҳсоли маводи рӯзғор аз алюминий, соҳаҳои фармасевтика, коммуникатсия ва сохтмони сардхонаву гармхонаҳо аз лоиҳаҳои манфиатовари Тоҷикистон арзёбӣ шуданд, ки доираи тоҷирону соҳибкорони Чехия метавонанд дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок намоянд.

Ҳамчунин барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хаттҳои интиқоли барқ ва бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҷалби технологияҳои муосири Чехия барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои Осиёи Марказӣ харидор дошта аз воситаву имкониятҳои нави ҳамкории доираи тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия арзёбӣ гардид.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ дар заминаи таҳкими ҳамкориҳоро ва хати парвозбайни ду кишвар ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар изҳороти матбуотӣ таъкид кард: Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, робитаҳои мо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила ташаккул  ёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид кард, “Мо Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо он изҳори қаноатмандӣ менамоем”.

Ҳамчунин дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Чехия Милан Штех  ва Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек мулоқот кард.