Сентябр 02, 2022 18:02 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Гутерриш

Дар тамоси телефонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазъияти кунӯнӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни дутараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф масоили марбӯт ба тавсеаи пойдор, тазмини сулҳ, субот ва амнияти минтақаиро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар тамомии ин заминаҳо эълом кард.

Дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ ҳамчунин вазъият дар Афғонистон, масоили марбӯт ба тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвар ва идомаи ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ шуданд.

Дабири кулли Созмони милал дар суханоне аз сиёсати амалгароёна ва мавзеи Тоҷикистон дар ёфтани роҳҳое барои ҳаллу фасли масоили мубрам дар дастури кори минтақаӣ ва байналмилалӣ, қадрдонӣ кард.

Ин дуюмин тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Гутерриш дар як ҳафтаи ахир аст. Пеш аз ин ду тараф дар 26 август бо якдигар гуфтугӯ карда буданд.

 

Барчасп