Сентябр 04, 2022 16:16 Asia/Dushanbe
  • Назари Шӯрои уламои Тоҷикистон дар бораи никоҳи телефонӣ

Шӯрои уламои Тоҷикистон назари худро дар бора никоҳи телефонӣ эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, никоҳи телефонӣ мамнуъ аст. Ин нуктаро шӯро дар посух ба яке аз корбарони сайти худ баён кард. Бино бар эъломи Шӯрои уламо, никоҳи телефонӣ ҷоиз нест, зеро дар маросими ақд лозим аст арӯс ва домод дар як ҷаласа ва дар як макон бо шоҳид ҳузур дошта бошанду суханони якдигарро мустақиман ё аз тариқи вакил бишнаванд. Пеш аз ин, Шӯрои уламои Тоҷикистон мухолифати худро бо талоқи телефонӣ ва интерентӣ ҳам эълом карда буд, ҳарчанд изъон дошт, ки дар сӯрати риояти шеваномаҳо метавон онро анҷом дод.

Маҳмуд Сангалиев, раиси бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, талоқ аз тариқи телефон пазируфта мешавад, ба шарте, ки мард дар ҳузури муфтӣ, қозӣ, ё хонаводаи зан таъйид кунад, ки телефонӣ ба ҳамсараш посух додааст. Бар асоси омори Вазорати додгустарии Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ 7 ҳазору 265 талоқ сабт шуда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 12 дарсад бештар аст. 8000 кӯдак дар натиҷаи фурӯпошии хонавода бесарпараст ё бадсарпараст шуданд.