Сентябр 15, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Узбекистон шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Самарқанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Узбекистон шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар замони вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд мавриди истиқболи Абдуллоҳ Орифов, нахуствазир, Фазлиддин Умаров, шаҳрдори Самарқанд ва соири намояндагони баландпояи давлати Узбекистон қарор гирифт.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири умӯри хориҷа, дастёри равобити хориҷӣ, вазирони тавсеаи иқтисоду тиҷорат, ҳамлу нақл ва соири мақомоти расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

15 - 16 сентябр дар шаҳри Самарқанд нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Қарор аст, беш аз 30 санад барои имзо дар ин иҷлос ироа шавад.