Сентябр 23, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Бурди Тоҷикистон муқобили Тринидад ва Тобаго дар Ҷоми подшоҳии Таиланд

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо голи Эҳсони Панҷшанбе, муваффақ шуд Тринидад ва Тобагоро шикаст диҳад.

Ба гузориши "Варзиш - 3", дар чорчӯби Ҷоми подшоҳии Таиланд тимҳои Тоҷикистон ва Тринидад ва Тобаго дар ҳоле ба масофи якдигар рафтанд, ки ин бозӣ бо голи Тринидад дар дақиқаи 27 ҳамроҳ шуд, аммо дар идома Тоҷикистон натиҷаро ба суди худ баргардонд.

Пас аз голи тасовӣ тавассути Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе бо зарба аз роҳи дур муваффақ шуд дарвозаи ҳарифро боз кунаду тимашро ба пирӯзӣ бирасонад.

Ҳофбаки тими “Зӯбоҳан” дар поёни бозӣ ба унвони беҳтарин футболбози замин интихоб шуд.

Дар ин бозӣ Ваҳдат Ҳаннонов, ҳофбаки “Персполис” ба майдон рафту Манучеҳр Сафаров, мудофеи рости собиқи сурхпӯшон низ ба кор гирифта шуд.

Бобоев, муҳоҷими тими "Санъати нафт"-и Ободон ба далели мушкили виза натавонист ба Таиланд биравад.