Сентябр 23, 2022 21:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дар Русия
    Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дар Русия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони худ хост, аз ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хоки кишварҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд.

Дархости марбута дар сафҳаи расмии Фейсбуки Сафорати Тоҷикистон дар Русия мунташир шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар матлаби худ ба ҳамватанони ин кишвар иттилоъ додааст, ки аз ширкат дар хусуматҳо дар хоки кишварҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд, зеро ин иқдом тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҷиноӣ дорад.

Дар ин матлаб ҳамчунин омадааст, барои касби иттилооти бештар шаҳрвандон Тоҷикистон метавонанд бо сафорату консулгарии ин кишвар дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт – Петербург ва Уфа тамос бигиранд.

Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Узбакистону Қирғизистон низ хитоб ба шаҳрвандони худ баёнияҳои мушобеҳеро мунташир карданд.

Ахиран Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ислоҳотеро дар қонуни содасозии гирифтани тобеияти Русия тавассути хориҷиҳо тасвиб кард.

Акнун барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба равише сода, бидуни ниёз ба гирифтани муҷаввизи иқомат шаҳрвандони хориҷӣ, ки қарордодҳоеро барои хидмат дар неруҳои мусаллаҳ, соири неруҳо ё ташкилотҳои низомии Русия барои муддати ҳаддиақал як сол бибанданд, метавонанд шаҳрвандӣ бигиранд.

Сипас Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав эълом кард, ки дар ояндаи наздик давлати Маскав як зерсохти комилро дар «Сахарова» мустақар хоҳад кард то ба Вазорати дифои Русия дар созмондеҳии ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ кумак кунад. Хадамоти шаҳрӣ ҳар кореро ки лозим аст анҷом хоҳад дод то бастани қарордодҳо то ҳадди имкон барои шаҳрвандон роҳат бошад.