Декабр 06, 2016 15:07 Asia/Dushanbe
  • Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 22-юми декабр паёми солонаи худро ба парлумони ин кишвар ироа хоҳад кард.

Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, раисҷумҳури ин кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон паёми солонаи худро ироа мекунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамсола бо ироаи паёми худ ба палатаҳои парлумони ин кишвар гузориш медиҳад ва бо додани бархе аз супоришҳо ба мақомоти иҷроия стратегияи ин кишварро барои соли оянда эълом мекунад. Зимнан гурӯҳи вижае аз мақомот иҷрои дастуроти раисҷумҳурро назорат мекунад.

Маъмулан паёми раисҷумҳури Тоҷикистон дар аввали сол ба парлумон ироа мешуд, аммо имсол паёми раисҷумҳур ба парлумон барои соли 2017 дар поёни соли 2016 ироа мегардад. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарори баргузор шудани ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумонро панҷуми декабр имзо кардааст.