Ҳузури Тоҷикистон дар биступанҷумин нишасти маҷмаи умумии Созмони байналмилалии дифои шаҳрвандӣ
(last modified Wed, 30 Nov 2022 14:41:50 GMT )
Ноябр 30, 2022 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон дар биступанҷумин нишасти маҷмаи умумии Созмони байналмилалии дифои шаҳрвандӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар биступанҷумин нишасти маҷмаи умумии Созмони байналмилалии дифои шаҳрвандӣ ширкат кард.

Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар биступанҷумин иҷлоси маҷмаи умумии Созмони байналмилалии дифои шаҳрвандӣ, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, ширкат кард.

Дар ин нишаст намояндагони 54 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Рустам Назарзода дар бахше аз ин боздид бо раиси Идораи имдодрасонӣ дар шароити изтирории миллӣ, буҳрон ва балоёи табиии Шӯрои олии амнияти миллии Иморот ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар мавриди мудирияти вазъи изтирорӣ ва вокуниш ба онҳоро имзо карданд.