Декабр 15, 2016 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин нуриҳои минералӣ тавлид мекунад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи таъсиси ширкати муштараки ин кишвар бо Чинро дар заминаи бозсозӣ ва аз саргирии тавлиди нуриҳои минералӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон тасвиб кард.

   Ба гузориши сойти Авесто, Абдулмаҷид Муминзод- муовини раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ ба парлумон, гуфтааст, ки саҳми молии тарафҳо дар ин қарордод ба таври мусовӣ, 50 дарсад хоҳад буд.

   Вай таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо вогузории 50 дарсад аз саҳоми молии ин корхона ба ширкати чинӣ, мувофиқат кардааст ва чиниҳо барои бозсозии ин маркази тавлидӣ, 360 миллион доллар ҳазина мекунанд.

   Бо поёни марҳалаи нахусти таҷҳизи ин корхона, заминаи иштиғоли 1 ҳазор коргар фароҳам хоҳад шуд. Бар асоси тавофуқи дуҷониба пас аз бозсозии марҳалаи нахуст дар ин тарҳ, имкони тавлиди 360 ҳазор тон нуриҳои минералӣ муҳайё хоҳад шуд.

   Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон бо поёни марҳалаи дуввуми бозсозии ин корхона аз тавони тавлиди беш аз 500 ҳазор тон нуриҳои минералӣ дар сол бархӯрдор хоҳад шуд, бо таъмини ниёзи дохилӣ заминаи сордроти ин маҳсул ба Афғонистон ва Қирғизистон низ бавуҷуд меояд.

   Аммо барои фаъолияти ин корхона бояд солиёна беш аз 500 ҳазор тон ангиштсанг захира гардад, ки ба унвони сӯхти аслӣ мавриди истифода қарор мегирад. Фаъолияти Корхонаи нуриҳои минералии Сарбанд, пас аз қатъи интиқоли гази содиротии Узбакистон мутаваққиф шуд. Ҳукумати Тоҷикистон акнун барои аз саргирии фаъолияти ин корхона бо ширкатҳои чинӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.