Бо пиёз бо резиши муҳ худоҳофизӣ кунед
Маҳсулоти тақвияткунандаи муҳ, барои дармони резиши муҳ ва кампуштӣ, розе муштарак доранд ва он истифода аз оби пиёз аст.
Ба нақл аз шабакаи Алъолам, мардум барои таҳияи маҳсулоти тақвияткунандаи муҳ ва дармонкунандаи резиши муҳ маблағҳои зиёде сарф мекунанд дар ҳоле, ки метавонанд ин маҳсулотро ба содагӣ дар манзил бисозанд.
Оби пиёз пустро таҳрик мекунад, то муҳои нав тавлид кунад ва барои ин кор гардиши хунро дар ноҳияҳои руйиши муҳ афзоиш медиҳад ва бо хосияти зиддиуфунӣ, ки дорад пусти сарро тамиз мекунад.
Бо донистани ин роз кофӣ аст як адад пиёзи калонро бо дастгоҳи хурдкун, хурд ва сипас бо истифода аз софӣ оби оно ҷудо кунед.
Ин доруи ҷодуиро ба тамоми пусти саратон бимолед ва бигузоред як соат ба ҳамон ҳолат бимонад.
Нуктае, ки дар ин замина қобили зикр аст ин ки пиёз буи тез ва занандае дорад аз ин ру агар таҳаммули ин бу бароятон сахт аст метавонед оби пиёзро бо каме гулоб махлут кунед.
Баъд аз як соат саратонро бо шампу бишуед.
Баста ба шидати резиши муҳ метавонед то ҳафтае ду бор аз ин равиш истифода кунед.