Апрел 02, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи қавонини ҷадиди давлати Туркманистон

Дар шароите, ки миллатҳои минтақа ва ҷаҳон ба манзури пешгирӣ аз олуда шудан ба вируси хатарноки корона ба хонанишинӣ рӯй овардаанд, давлати Ашқобод қонуни ҷадидеро дар ин иртибот иблоғ кардааст.

Бар асоси ин қавонайни ҷадид, давлати Ашқобод задани моск ва истифода аз унвони "вируси корона" -ро дар Туркманистон мамнӯъ ва таъкид кардааст, ҳар касе дар маҳофили умумӣ дар бораи ин вирус сухан гӯяд, боздошт хоҳад шуд.

Дар пайи шуюъи вируси корона, бисёре аз давлатҳо ва миллатҳои ҷаҳон бо мушкилоте ба вижа дар умури иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаанд. Бадиҳи аст, ки Туркманистон  низ тайи рӯзҳои наздик ба баъзе мушкилоти иқтисодӣ эътироф хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки инкор кардани вуҷуди як маъзали умумӣ, метавонад мушкилоти ин даста аз давлатҳоро ташдид кунад. Дар ин иртибот Баҳром Шарифов, коршиноси Тоҷикистон дар умури иқтисодӣ, мегӯяд: Рӯзҳои наздик, мардуми Туркманистон ва Тоҷикистон шоҳиди афзоиши нархи таваррум хоҳанд буд. Зеро ин кишварҳо тавоноии иқтисодии фаврӣ надоранд, аммо интизор меравад ин раванд  дар оянда ба нафъи давлатҳои ду кишвар ҷараён ёбад.

Ба ҳар ҳол, мақомҳои давлати Ашқобод на танҳо шуюъи вируси корона дар хоки Туркманистонро рад карда, балки истифода аз ин унвон дар расонаҳои маҳаллӣ ва бо брошураҳои  иттилоотии беҳдоштиро низ мамнӯъ кардаанд.

Ба ин тартиб, маъмурони либоси шахсӣ дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон, метавонанд касонеро, ки моск ба сурат дошта бошанд ва ё дар амокини умумӣ аз вируси корона сухан бигӯян, боздошт кунанд.

Илова бар ин, аз ин пас расонаҳои Туркманистон дигар муҷоз нестанд аз "вируси корона" номе бибаранд ва ин калима ҳатто аз руи дафтарчаҳои саломатии мадорис, бемористонҳо ва амокини умумии ин кишвар низ ҳазф шудааст.

Тайи ҳафтаҳои гузашта,мақомҳои давлати Ашқобод ҳамвора вуҷуди вируси корона дар Туркманистонро такзиб кардаанд.

Дар ҳамин иртибот, гузоришгарони  созмони бидуни марз эълом кардаанд, "Давлати Ашқобод бо мамнӯъ кардани истифода аз вожаи "вируси корона", дар амал дар ростои саркуби иттилорасонӣ дар бораи бемории ҳамагири КОВИД-19 гоми хатарнок бардшта ва ҷони шаҳрвандони Туркманистонро дар маърази хатар қарор додааст."

Мушаххас нест, ки мақомоти давлати Ашқобод бо инкори вуҷуди вируси корона чи ҳадаферо дунбол мекунанд. Аммо иқдоми ҷадиди давлати Ашқободро бояд дар ростои вуҷуди фазои баста  ва талоши мақомҳои Туркманистон  - ки дар бархе маворид барои худ фидокорона мебошанд - ҷиҳати нишон додани тафовут миёни ин кишвар бо дигар кишварҳои ҷаҳон қаламдод кард.

Беш аз ин низ, мақомҳои давлати Ашқобод иқдоми мушобеҳи мутааддиде анҷом додаанд. Ба ҳамин далел ниҳодҳои ҳуқуқии башар дар ҷаҳон ва бисёре аз Ташкилоти байналмиллалии мудофеи озодӣ баён аз Туркманистон ба унвони як кишвари баста бо ҳокимоне мустабид ёд мекунанд.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт: ин нахустин бор нест, ки давлати Ашқобод дар заминаи инкори баъзе воқеиятҳо дар Туркманистон, иқдом кардааст. Пеш аз ин ва дар авоили моҳи марти соли ҷории мелодӣ, Созмони Ҷаҳонии беҳдошт тибқи иттилоияе, шуюъи вируси хатарноки корона дар Тоҷикистон ва Туркманистонро рад ва эълом карда буд, ин ду кишвар танҳо ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ори аз вируси корона ҳастанд. 

Ба рағми ин иттилоия, тайи рӯзҳои ахир гузоришҳои мустанад аз олуда шудани баъзе аз шаҳрвандони Туркманистон ва Тоҷикистон ба вируси хатарноки корона мунташир шудааст.

Дар шароити феълӣ, ниҳодҳои байналмиллалӣ низ аз коркунони худ хостаанд, дуркорӣ кунанд. Дарвоқеъ тайи се ҳафтаи гузашта на танҳо мавориди олудагӣ ба вируси корона дар Туркманистон ва Тоҷикистон гузориш шудааст,, балки мардуми ду кишвар низ ба манзури пешгири аз шуюъи ин вируси хатарнок,ба иқдомоти пешгирона рӯй оварда буданд.

Ба унвони мисол шуморае аз мардуми Туркманистон ба умеди нобудии коронавирус, ба масрафи алкогол тарғиб шудаанд. Ин дар ҳолест, ки пизишкон ҳушдор медиҳанд, масрафи алкогол на танҳо пешгирӣ аз ибтило ба коронавирус намешавад, балки системи имении баданро дар баробари ин вирус заиф хоҳад кард.