Аввалин нишонаи ибтило ба коронавирус чист?
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i52409-Аввалин_нишонаи_ибтило_ба_коронавирус_чист
Таби боло ва аз хоб паридани шабона аз нишонаҳои аслии ибтило ба вируси КОВИД 19 аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 06, 2020 05:38 Asia/Dushanbe
  • Аввалин нишонаи ибтило ба коронавирус чист?

Таби боло ва аз хоб паридани шабона аз нишонаҳои аслии ибтило ба вируси КОВИД 19 аст.

Ба нақл аз Спутник, Маргарет Ҳрис- намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд: Аввалин нишонаи уфунати корона таби болост ва илова бар ин, фард дучори аз хоб паридагии шабона мешавад.  

Ҳрис афзуд: Мубталоён мегӯянд, ки онҳо нимашаб бедор мешаванд, эҳсоси ваҳшатноке доранд ва намефаҳманд, ки чи иттифоқе дорад меафтад, сипас бештари вақтҳо, беморон эҳсоси сармо мекунанд.  

Ҳрис гуфт: Ошкортарин нишонаи бемории таб ва дараҷаи ҳарорати беш аз 38 дараҷа аст.  

Вай итминон дод, ки беш аз 90 дарсад беморон бо ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд.  

Тибқи омори Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ, беш аз як миллион бемори мубтало ба КОВИД 19 дар ҷаҳон сабт шудааст, ки беш аз 57 ҳазор нафар аз онон даргузаштаанд.