Эътирозгарони Миннеаполис ба шаҳрдор: Шарм! шарм!
Июн 08, 2020 06:42 Asia/Dushanbe
Эътирозгарони амрикоӣ, Ҷейкоб Фрей- шаҳрдори Миннеаполисро масхара карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Эътирозгарон бо шиори "бирав хона Ҷейкоб, бирав хона, шарм! шарм!" бо шаҳрдори ин шаҳр, ки маҳалли кушта шудани Ҷорҷ Флойд- ҷавони сиёҳпӯст ба дасти полис буд, бархурд карданд ва вай маҷбур ба тарки маҳал шуд.
Эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар Амрико аз замоне оғоз шуд, ки Дерек Шовин- афсари сафедпӯсти полиси Амрико, рӯзи 25 май Ҷорҷ Флойдро дар шаҳри Миннеаполис ба тарзи даҳшатноке ба қатл расонд.