Эътирозгарони Миннеаполис ба шаҳрдор: Шарм! шарм!
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i54323-Эътирозгарони_Миннеаполис_ба_шаҳрдор_Шарм!_шарм!
Эътирозгарони амрикоӣ, Ҷейкоб Фрей- шаҳрдори Миннеаполисро масхара карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 08, 2020 06:42 Asia/Dushanbe

Эътирозгарони амрикоӣ, Ҷейкоб Фрей- шаҳрдори Миннеаполисро масхара карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Эътирозгарон бо шиори "бирав хона Ҷейкоб, бирав хона, шарм! шарм!" бо шаҳрдори ин шаҳр, ки маҳалли кушта шудани Ҷорҷ Флойд- ҷавони сиёҳпӯст ба дасти полис буд, бархурд карданд ва вай маҷбур ба тарки маҳал шуд.

Эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар Амрико аз замоне оғоз шуд, ки Дерек Шовин- афсари сафедпӯсти полиси Амрико, рӯзи 25 май  Ҷорҷ Флойдро дар шаҳри Миннеаполис ба тарзи даҳшатноке ба қатл расонд.