Октябр 19, 2020 12:56 Asia/Dushanbe

Мардуми Яман дар шаҳри Санъо ва дигар устонҳои ин кишвар, бо ба ранги сабз даровардани мошин‌ҳояшон, озинбандии хиёбонҳо бо парчами сабзу чароғонӣ дар тадоруки баргузории ҷашни валодати паёмбари гиромии ислом (с) ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ҷашнҳои вилодати паёмбари гиромии ислом (17 рабиъулаввал) бо ҳузури густардаи мардум ба хусус ҷавонони яманӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар баргузор мешавад .