Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд + филм
Рӯзи 17 рабиулаввал бинобар назари машҳури торихнависон солрӯзи валодати босаодати набии мукаррами Ислом ҳазрати Муҳамад (с) буда, рӯйдоди мубораке, ки дар “омулфил” (марги фил ё ҳамлаи Ҳабаша ба Макка) ва дар соли 570 мелодӣ ба вуқуъ пайвастааст.
Валодати босаодати ҳазрати сайидуланбиё Муҳамади Мустафо (с) дар ин рӯз ҳангоми фаҷри ҷумъа дар Маккаи мукаррама воқеъ шудааст.
Валодати он ҳазрат бо салтанати Анӯшервон дар Эрон ҳамзамон буд ва дар он сол “Асҳоби фил” ҳалок шуданд.
Ривоят аст, ки чун рӯзи ҳафтуми мелоди он ҳазрат фаро расид, Абдулмуталлиб номи ӯро Муҳамади ниҳод, ки пеш аз он собиқа надошт. Аз эшон пурсиданд: чаро чунин номе бар ин кудак гузоридаӣ? Ва Абдулмуталлиб посух дод, ки хостам дар замину осмон сутуда бошад.
Ба ҳамин муносибат таснифи “Ҳазрати борон” -ро дар намоҳанге бо садои Маҷиди Ахшобӣ бубинеду бишнавед.