Шиддат ёфтани танишҳо дар равобити Арабистон ва Миср
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i10156-Шиддат_ёфтани_танишҳо_дар_равобити_Арабистон_ва_Миср
Ба дастури подшоҳи Арабистон, иҷрои тамоми тавофуқҳои анҷомшуда байни Риёз ва Қоҳира мутаваққиф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2016 20:36 Asia/Dushanbe
  • Шиддат ёфтани танишҳо дар равобити Арабистон ва Миср

Ба дастури подшоҳи Арабистон, иҷрои тамоми тавофуқҳои анҷомшуда байни Риёз ва Қоҳира мутаваққиф шуд.

Пойгоҳи хабарии Бауаб Алфаҷр, рӯзи сешанбе ба нақл аз як манбаи дипломатики мисрӣ, ки номаш фош нашудааст, навишт: Бино бар ҷадидтарин дастури Салмон ибни Абдулазизи Оли Сауд, подшоҳи Арабистон, тавофуқҳои имзошуда байн ду кишвар то иттилои баъдӣ ба ҳолати таълиқ даромад.

Тибқи ин гузориш, бештари сармоягузориҳое, ки аз сӯи Муҳаммад ибни Салмон дар Миср ҳимоят мешуд, ба таври комил мутаваққиф шудааст.

Пештар низ кумакҳои нафтии ширкати амрикоӣ-саудӣ Арамко ба Миср қатъ шуда буд.  

Маҷмуаи мавзеъгириҳои ахири Миср ва изҳороти ахири Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар пуштибонӣ аз артишҳои Сурия, Ироқ ва Либия ва низ таъкиди ӯ бар эҳтиром гузоштан ба иродаи мардуми Сурия, ки нишондиҳандаи наздик шудани Қоҳира ба Димишқ ва дар айни ҳол фосила гирифтан аз Риёз аст, хашми мақомоти Саудиро ба дунбол доштааст.

Ин манбаи дипломатики мисрӣ эълом кардааст, фишорҳои Арабистон ҳеҷ тағйире дар мавозеи Миср дар бораи буҳрони Сурия ва ё Яман эҷод намекунад ва Қоҳира иртиботи худро бо ҳамаи тарафҳо ҳифз хоҳад кард.