Дафтари оятуллоҳ Систонӣ панҷшанберо аввали муҳарам эълом кард
Дафтари оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ марҷаъи олиқадри шиъаёни Ироқ эълом кард пешбини мешавад рузи панҷшанбе баробар бо оғози моҳи муҳарамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дафтари оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ маҷраҷъи олиқадри шиъаён дар Наҷафи Ашраф эълом кард: Руияти ҳилоли моҳи муҳарам баъд аз ғуруби рузи сешанбе 29 зилҳаҷа алорағми баррасиҳои фаровон бо чашми ғайримусалаҳ собит нашуд бино бар ин чаҳоршанбе мутамими моҳи ҷорӣ ва панҷшанбе аввали моҳи муҳарамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ аст.
Гуфтани аст моҳи муҳарам ё муҳарамулҳаром нахустин моҳи ҳиҷрии қамарӣ ва ба эътиқоди мусалмонон аз ҷумла моҳҳои ҳаром аст.
Ин моҳ шоҳиди руйдодҳои муҳими зиёди дар таърихи ислом буда аст, ки дар аввали онҳо низ ҳиҷрати Паёмбари Акрам(с) аз Макаи Мукарама ба Мадинаи Мунавара қарор дорад ва аз воқеъаҳои дардноки он метавон ба шаҳодати имом Ҳусйен(а) дар рузи ошуро дар Карбалои Муъало ишора кард.