Декабр 14, 2023 11:26 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди шаҳидони Ғазза аз 18 ҳазору 600 нафар фаротар рафт
    Теъдоди шаҳидони Ғазза аз 18 ҳазору 600 нафар фаротар рафт

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард, теъдоди шаҳидони Ғазза ба 18608 нафар ва теъдоди захмиҳо ба 50594 нафар расидааст.

Ба гузориши Алҷазира ,Ашраф-ал-Қедра , сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза рӯзи чаҳоршанбе эълом кард : Дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза то кунӯн 18608 фаластинӣ ба шаҳодати расида ва 50594 нафари дигар низ захмӣ шуданд .

Алқедра таъкид кард : Дар соъатҳои гузашта бар асари бомбборони минтақаҳои мухталиф тавассути ишғолгарони 196 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва 499 нафари дигар низ захмӣ шуданд . Илова бар ин теъдоди зиёде аз қурбониён ҳануз зер овор ҳастанд .

Алқедра афзӯд : Теъдоде аз раисони бемористонҳо ҳамчунон дар боздошти низомиёни ишғолгар ҳастанд . Ин низомиён бо шиканҷа кардани раисони бемористонҳо ононро мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд .

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин бо баёни ин,ки, бомбборони Навори Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ боис шуда 22 бемористон ва 52 Маркази оржонс аз раванди хизмаи расонӣ хориҷ шаванд. аз Созмонҳои байналмилалӣ хост, ки  малзумоти пизишкиро ба бемористонҳои ҷанубии Навор Ғазза бирасонанд .