Феврал 23, 2024 20:33 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон
    Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, давлати Амрико барои аз байн бурдани масаълаи Фаластин талош мекунад.

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Он чи давлати Амрико дар бораи таваққуфи ҷанг дар борикаи Ғазза матраҳ мекунад, фиребкорӣ аст ва дар асл ба дунболи аз байн бурдани масъалаи Фаластин аст.

Шайх Наим Қосим афзуд, Амрико имрӯз фурсатро ғанимат шимурдааст то масъалаи Фаластинро аз байн бибараду ҳамаи он чӣ дар бораи оташбас ва ёфтани роҳиҳалҳои сиёсӣ матраҳ мекунад, дурӯғу фиребкорӣ аст то ваҳшигариро, ки бар ваҷҳаи Амрикову Исроил ба иллати наслкушӣ дар ҳақи миллати Фаластин падидор шудааст, пок кунад.

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни таъкид бар устувории муқовимат дар ҷабҳаҳои мухталифи набард, хотирнишон кард: Муқовимат дар баробари таҳоҷум алайҳи Ғазза, ваҳдати майдонҳоро нишон дод. Ҳар як аз аъзои меҳвари муқовимат бо тавваҷуҳ ба тасмим, қудрат ва арзёбии худ, ба гунаҳои мухталиф ваҳдати майдонҳоро дар баробари душмани исроилӣ ба намоиш мегузорад.

Шайх Наим Қосим ҳамчунин изҳор дошт: Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико бо наздик шудан ба интихобот дар Амрико таслим хоҳад шуд, зеро мустақиман таъсири таҷовуз ба Ғаззаро бар имтиёзи интихоботии худ эҳсос хоҳад кард ва мумкин аст ба далели он шикаст бихӯрад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чанд моҳи гузашта дар пайи ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва наслкушии фаластиниён дар ин минтақа, мавозеи низомии режимро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор додааст, мавзӯе ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.

То кунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

 

Барчасп