Ҳимояти Чин аз ташкили кишвари мустақили Фаластин
Раисҷумҳури Чин аз ташкили кишвари мустақили Фаластин ҳимоят кард.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Ши Ҷин Пинг-раисҷумҳури Чин бо таъкид инки адолат дар ғарби Осиё наметавонад барои ҳамеша мафқуд бошад, гуфт:Омодаи ҳамкорӣ бо тарафҳои арабӣ барои ҳалли масоили марбут ба нуқоти пуртаниш аст ба гунае, ки заминаро барои дастёбӣ ба сулҳ ва суботи пойдор фароҳам кунад.
Ши Ҷин Пинг бо ишора ба инки Пекин аз баргузории конфронси сулҳи густурда дар мавриди муноқишаи ғарби Осиё ҳимоят мекунад, тасреҳ кард:Ҷанг наметавонад барои ҳамеша идома ёбад.
Раисҷумҳури Чин тасреҳ кард, Пекин аз талоши фаластиниҳо барои дастёбӣ ба узвияти комил дар СММ низ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад.
Ба думболи тадовуми наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳимояти худро барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин дар СММ эълом карданд ва ин ҷараён ҳамчунон идома дорад.
Кишварҳои Испания, Норвегия, Ирландия, Малта ва Словения дар рӯзҳои гузашта кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд.
Фаластин дар ҳоли ҳозир узви нозир дар Созмони Милал аст.
То кунун 143 кишвари ҷаҳон кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтаанд.