Ҳизбуллоҳ: Омодаи ҷанги фарогир бо режим Исроил ҳастем
(last modified Wed, 05 Jun 2024 04:49:28 GMT )
Июн 05, 2024 09:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ: Омодаи ҷанги фарогир бо режим Исроил ҳастем
    Ҳизбуллоҳ: Омодаи ҷанги фарогир бо режим Исроил ҳастем

Муовини дабирикули Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Омодаи ҷанги фарогир ва ҳамаҷониба бо режим саҳюнистӣ ҳастем.

Ба гузориши ИРНА, шайх Наими Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Ҳаргуна иқдоми Исроил дар ҷиҳати тавсеаи ҷанг бо Лубнон, бо харобӣ ва вайронӣ ва кучондан саҳюнистҳо ба хориҷ аз арозӣ ишғолӣ хоҳад анҷомид.

Наими Қосим таъкид кард: Дар ду моҳи гузашта борҳо барои лузуми мутаваққиф кардани набард бо саҳюнистҳо таҳдид шудем вале посухи мо ин буд ки ҷабҳаи Лубнон ба ҷабҳаи борикаи Ғазза муртабит аст.

Наими Қосим дар бораи тарҳи пешниҳоди Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико барои оташбас дар борӣкаи Ғазза ва табодул асирон гуфт: Пешниҳодҳои Байден барои оромиши вазъият беэътибор аст ва тарҳи он барои интихоботи кунуни дар Амрико аст.