Сӯиистифодаи Исроил аз вазъияти Сурия; идомаи ишғолгарӣ то куҷо?
(last modified Fri, 31 Jan 2025 12:20:18 GMT )
Январ 31, 2025 17:20 Asia/Dushanbe
  • Сӯиистифодаи Исроил аз вазъияти Сурия
    Сӯиистифодаи Исроил аз вазъияти Сурия

Порс-Тудей. Ҳамзамон бо сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳокимияти ҷадиди Сурия, артиши режими саҳюнистӣ таҷҳизоти ҷадидеро дар пойгоҳҳои ишғолии худ дар хоки Сурия мустақар кардааст.

Исроил Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар боздид аз минтақаи Ҷабал-уш-шайх дар Ҷавлони ишғолӣ таъкид кард, ки артиши ин режим на танҳо қасди хуруҷ аз манотиқи тозаишғолшудаи Сурияро надорад, балки дар ҳоли тақвияти мавозеи худ дар ин минтақа аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, вазири ҷанги Исроил афзуд, артиши Исроил барои тазмини амнияти баландиҳои Ҷавлону минтақаи шимоли манотиқи ишғолшуда, баъд аз суқути давлати Башор Асадро бо қудрат ҳифз хоҳад кард.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳам дар баёнияе таъйид кард, ки бо ҳадафи афзоиши тавоноӣ ва амнияти низомиёни исроилӣ дар манотиқи ишғолшудаи Сурия, таҷҳизоти ҷадидеро ба хоки ин кишвар мунтақил кардааст.

Таъкиди саҳюнистҳо бар ишғоли хоки Сурия дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбии муддаии ҳуқуқи башар ҳанӯз дар қиболи ин мавзӯи муҳим вокунише нишон надодаанд.

Коршиносони низомӣ аз иртифооти стратегии Ҷабалуш-Шайх ё Ҳермон, ки дар марзи байни Лубнон, Сурия ва Фаластин ва ба таври мушаххас ғарби Димишқ, пойтахти Сурия ва шимолитарин нуқтаи Ҷавлон қарор дорад, ба далели ишрофи комили он бар Сурия, Урдун, Лубнон ва Фаластини ишғолӣ, бо унвони «Чашми Минтақа» ёд мекунанд ва бар ин боваранд, ҳар тарафе, ки бар ин иртифоот тасаллут дошта бошад, бар саросари минтақа ишроф дорад.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки кабинаи ин режим бо ишғоли минтақаи Ҷабал-уш-Шайхи Сурия ва барпоии як минтақаи ҳоил дар ин минтақа мувофиқат кардааст.

Артиши режими саҳюнистӣ пас аз суқути давлати Башор Асад бо таҷовуз ба хоки Сурия, манотиқи ҳаммарзи ин кишвар, наздики бахши ишғолии Ҷавлон, аз ҷумла шаҳри Қунайтараро ишғол ва барои чандин рӯз зерсохтҳои низомии Сурияро дар манотиқи мухталифи ин кишвар бо анҷоми садҳо ҳамлаи ҳавоӣ ва бомбаборонҳои ҳадафманду густарда нобуд кардааст.

Иқдоми ҳамзамон бо он сурат гирифт, ки Бенёмин Натанёҳу фурӯпошии тавофуқи “Инфисол”-и Сурия ва режими саҳюнистӣ дар соли 1974 дар минтақаи Ҷавлонро эълом кард.

Бо ин ҳол ҳокимони ҷадиди Сурия то кунун ба изҳори норизоятӣ аз таҷовузгарии режими саҳюнистӣ басанда карда ва бо ин мавзуъ монанди як масъалаи камаҳамият бархӯрд кардаанд. Дар ҳоле ки ин мавзуъ бо эътирозу вокуниши густардаи ҷаҳонӣ, бавижа Иттиҳоди Араб ва кишварҳои минтақа рӯ ба рӯ шудааст.

Аз сӯи дигар, фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия бо маҳкум кардани таҷовузоти режими саҳюнистӣ дар Сурия, бар зарурати таваққуфи ин таҷовузоту хуруҷи неруҳои исроилӣ аз хоки Сурия таъкид кардааст.

Дабири кулли Иттиҳоди Араб идомаи ишғоли хоки Сурия аз сӯи режими саҳюнистиро муҷиби ташдиди таниш дар саросари минтақа донисту хостори талоши байналмилалӣ барои поён додани даври ҷадиди ишғолгарии саҳюнистҳо дар Сурия шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва бисёре аз кишварҳои минтақа ҳам бо маҳкум кардани нақзи ҳокимияту тамомияти арзии Сурия ва вуруди низомии режими Исроил ба хоки ин кишвар, аз Шӯрои амният хостаанд барои таваққуфи таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Сурия ва миллати он иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.