Январ 19, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Кашфи қабре аз давраи Ҳахоманишиҳо дар шимоли Ироқ

Шабакаи телевизионии “ал-Олам” аз кашфи як қабри мутааллиқ ба давраи Ҳахоманишиҳо дар шимоли Ироқ хабар дод, ки нишоне аз густара ва азамати империяи Ҳахоманишиҳо аст.

Бостоншиносоне, ки машғули кофтуков дар шимоли Ироқ буданд, гӯри 2400-солаеро кашф карданд, ки шомили бозмондаҳои ҳадди ақал шаш инсон будааст. Профессор Майкл Данте, сарпарасти гурӯҳи бостоншиносии Донишгоҳи Бостон дар Ироқ гуфт, афроде, ки дар ин гӯр ба хок супурда шудаанд, аз сокинони ҳавзаи императории бузурги Ҳахоманишиҳои порс будаанд.

Ин гӯр метавонад иттилооти арзишмандеро дар бораи таърихчаи минтақа дар замони Ҳахоманишиҳо фош кунад.

Сулолаи Ҳахоманишиҳо дар Эрони бостон (550-330 қабл аз милод) қудратмандтарин империяи ҷаҳони бостон маҳсуб мешуд.

 

Барчасп