Январ 25, 2017 20:25 Asia/Dushanbe
  • 43 кушта ва захмӣ дар ду инфиҷори террористӣ дар Бағдод

Бар асари инфиҷори чанд дастгоҳ мошини бомбгузоришуда дар манотиқе аз Бағдод -пойтахт Ироқ- шуморе кушта ва захмӣ шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, инфиҷори як бомб рӯзи чаҳоршанбе дар хиёбони Алрашид наздики майдони Алрасофии Бағдод, ки аз манотиқ муҳими тиҷорӣ ва пуррафту омад маҳсуб мешавад, ба кушта шудани 10 шаҳрванди ироқӣ ва захмӣ шудани 30 нафари дигар мунҷар шуд.  

Рӯзи чаҳоршанбе бомбе дигар дар минтақаи Наҳравон дар ҷануби шарқи Бағдод низ мунфаҷир шуд, ки дар асари он як ғайринизомӣ кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.  

Артиш ва нерӯҳои мардуми Ироқ дар моҳҳои ахир манотиқи зиёде аз ин кишварро аз лавси террористҳои ДИИШ поксозӣ карданд ва террористҳо ҳам барои ҷуброни шикастҳои худ дар манотиқе, ки ғайринизомиён ҳузур доранд, бомбгузорӣ мекунанд.

Хабари дигар аз Ироқ инки бо поксозии шарқи Мусил аз ишғоли ДИИШ, донишомӯзони ин манотиқ китобҳои дарсии ДИИШ-ро, ки ду сол маҷбур ба хондани он буданд, пора мекунанд.

Террористҳо дар мадрасаҳои манотиқи таҳти тасарруфи худ иқдомоти террористиро ба кӯдакон омӯзиш медиҳанд.

 

Барчасп