Созмони Афви байналмилал: Амрико аз ҷони ғайринизомиёни ироқӣ ҳифозат намекунад
Созмони Афви Байналмилал аз давлати Амрикоа ба иллат кӯтоҳи дар ҳифозат аз ғайринизомён даргир дар ҷанг Ироқ интиқод кард.
Ба гузориши Пресс Тв, Созмони афви байналмилал дар гузорише, зимни ибрози нигаронӣ аз шумори талафоти ғайринизомиён дар Мусил (шимоли Ироқ ) эълом кард, 237 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҳавоии эътилоф ба саркардагии Амрико, ба як маҳаллаи таҳти султаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ғарби Мусил, қурбонӣ шуданд.
Ин гурӯҳи ҳуқуқи башарӣ дар гузориши худ, нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз кушта шудани ғайринизомиёнро нақзи ошкори қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ донист ва таъкид кард, шавоҳид ва мадорик аз як раванди нигаронкунандаи ҳамалоти ҳавоии эътилофи амрикоӣ ҳикоят дорад, ки ҳамаи хонаҳоро бо тамоми сокинони онҳо вайрон кардааст.
Неруи ҳавоии Амрико шанбеи гузашта таъйид кард, дар ҳамалоти ҳавоии ин кишвар алайҳи мавозеи ДИИШ дар шаҳри Мусил, даҳҳо ғайринизомии ироқӣ кушта шудаанд.