Июн 23, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Мушакборони мавзеъҳои ДИИШ тавассути киштиҳои ҷангии Русия

Нерӯҳои баҳрии Русия мавозеи гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар Сурияро аз тариқи киштиҳои "Адмирал Эссен", "Адмирал Григоревич" ва киштии зериобии "Карснодар" ҳадафи мушак қарор дод.

Ба гузориши ИРНА, дар чорчӯби ҳамкориҳои низомии Русия ва Сурия, ки аз соли 2015 зидди гурӯҳҳои террористии зиддисурӣ, бавижа “Ҷабҳат-ун-нусра” ва ДИИШ иҷро мешавад, шаш мушак ба мавозеи ин гурӯҳ дар вилояти Ҳимо шиллик шуд. Бинобар эъломи “Шабакаи дувум”-и Телевизиони давлатии Русия, дар ин амалиёт, ки аз бахши шарқии баҳри Миёназамин иҷро шуд, як анбори бузурги муҳимот ва ҳамчунин истеҳкомоти гурӯҳи террористии ДИИШ бар асари исобати мушакҳои болдори калибри русӣ нобуд шуд. Ҳамзамон бомбафканҳои русӣ ҳам бо анҷоми амалиёти размӣ террористҳо ва мошинҳои муҷаҳҳаз ба ҷангафзор дар ҳоли тарки маҳалро ҳадаф қарор доданд. Русия афзун бар ягонҳои ҳавоии мустақар дар пойгоҳи Ҳумаймими вилояти Лозқияи Сурия аз тавони размии киштиҳои ҷангӣ ва зериобӣ низ дар ҳадаф гирифтани мавозеи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия баҳра гирифтааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонишон барои сарнагун кардани ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шудааст.

 

Барчасп