Эъдоми хатиби диишӣ ба иллати фош кардани роз
Гурӯҳи террористии ДИИШ яке аз хатибони маъруфи худро ба иттиҳоми "тафриқаафканӣ" байни аносури ин гурӯҳ, эъдом кард.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи ал Олам, манбаи маҳаллӣ дар устони Найнаво рӯзи якшанбе эълом кард, Абу Қатиба, ки яке аз афроди бисёр наздик ба Абубакр Бағдодӣ буд, дар хутбаҳои ҷамъаи гузашта дар шаҳри Талъафар аз эҳтимоли кушта шудани Абубакр Бағдодӣ хабар дода буд.
Ин манбаъ дар мусоҳиба бо шабакаи Сумирия нюз гуфт, ДИИШ, Абу Қатибаро чанд соат пас аз боздошт дар шаҳри Талъафар эъдом кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Абу Қатиба дар маркази Талъафар ва дар баробари чашмони даҳҳо нафар аз диишиҳо сӯзонда шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, Абу Қатиба ҳангоми эъломи эҳтимолии марги Бағдодӣ, гиря карда буд.