"Булбул”-и ДИИШ кушта шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i20918-Булбул_и_ДИИШ_кушта_шуд
 “Булбул”-и ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри Талъафар, ғарби Мусил кушта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 01, 2017 12:55 Asia/Dushanbe

 “Булбул”-и ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри Талъафар, ғарби Мусил кушта шуд.

Ба гузориши торнамои шабакаи “ас-Сумария”, як манбаи бумӣ дар вилояти Найнавои Ироқ рӯзи сешанбе хабар дод, ки Абуталҳа аш-Шомӣ, сарояндаи узви гурӯҳи ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба чодарҳои ин гурӯҳи террористӣ дар наздикии Талъафар, ғарби Мусил кушта шуд. Ин манбаъ, ки хост, номаш фош нашавад, ба шабакаи “ас-Сумария” гуфт, дар ин ҳамлаи ҳавоӣ шумори зиёде аз пайравони ДИИШ кушта ва захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Абуталҳа аз ҷумлаи пайравони суряии ДИИШ аст, ки чандин таронаро барои ҳимоят аз ДИИШ ва таблиғи ин гурӯҳи террористӣ сохт ва диишиҳо ӯро Андалеб-уш-Шом ё Булбули Шом ном ниҳоданд.

ДИИШ барои ҷалби пайравони ҷадид клипу таронаҳое таҳия мекунад, то ҷавононро барои пайвастан ба ин гурӯҳи террористӣ бифиребад.