Август 07, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Мурсӣ: Ҳанӯз раисҷумҳури қонунии Миср ҳастам

Муҳаммад Мурсӣ худро камокон раисиҷумҳури қонунии Миср донист ва муҳокимааш дар додгоҳҳои умумии ин кишварро нодуруст хонд.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Миср, ки бо кудатои низомӣ дар сол 2013 аз кор барканор шуд, ба ҳамроҳи 21 муттаҳами дигар барои муҳокимаи дубора дар парвандаи «ҷосусӣ барои Ҳамос» ба додгоҳи таҷдиди назари Қоҳира оварда шуд.

Мурсӣ дар ин додгоҳ таъкид кард, ба иллати ин ки ҳанӯз низ раисиҷумҳури қонунии Миср аст, муҳокимааш дар додгоҳҳои умумӣ саҳеҳ нест.

Вай гуфт, «Тибқии Қонуни асосии Миср, додрасии раисони ҷумҳур бояд ба равиши хоссе анҷом шавад. Бинобар ин ҳарчанд барои додгоҳ эҳтиром қоилам, вале онҳо муҷоз ба ин кор нестанд ва ихтиёроти лозимро надоранд.»

Гуфтанист, додгоҳи таҷдиди назари Миср барои Мурсӣ дар мавриди парвандаи ҷосусӣ барои Ҳамос, ҳукми 25 сол ҳабси содираро лағв кардааст. Ин додгоҳ ҳамчунин ҳукмҳои эъдом ва ҳабси абади содир шуда барои 21 нафари дигарро низ лағв кардааст.

Пеш аз ин додгоҳи ҷиноии Қоҳира дар соли 2015, Муҳаммад Мурсӣ ва теъдоде аз раҳбарон Ихвонулмуслиминро ба иттиҳом «ҷосусӣ барои Ҳамос» ба 25 сол ҳабс маҳкум карда буд.